БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО АЗ ВНМО ЭҲТИЁТ НАМО!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

     Бо  иштироки Саидзода Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Ҳосилот»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир карда шуд.

    Дар вохӯрӣ мавсуф  дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла масъалае, ки ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст - бемории сироятии ВНМО андешаронӣ карда, афзуд, ки дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии  бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО ва Гепатити С бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирии онҳо амри зарурӣ буда, худ ва наздиконатонро аз  ин бемории марговар  эҳтиёт намоед.   

    Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg