Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

САРФАВУ САРИШТАКОРИИ НЕРУИ БАРҚ БА МАНФИАТИ МОСТ!

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

      Дар ноҳияи Ховалинг хониши  сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Дониш” гузаронида шуд. Дар чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баромад намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҷамъомадагон маълумоти муфассал доданд.

   Дар суҳбат бештар дар бораи истифодаи самараноки қувваи барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи он сухан рафта,  қайд гардид, ки ояндаи Тоҷикистон, пешрафту тараққиёти он аз бисёр ҷиҳат ба иқтидори энергетикии мамлакат вабастагӣ дорад.  Бинобар ин мо бояд аз қувваи барқ сарфакорона истифода намоем, зеро истифодаи мақсаднок ва самараноки он  ҳам ба оила ва ҳам ба  давлат фоида меорад.  

   Дар роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Дониш” ба китобхонаи гимназияи давлатии ноҳия  40 адад китоби бадеӣ  туҳфа  намуданд

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg