БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР ВА ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи   Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  баргузор гардид.

     Дар маҷлис  узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ХХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

     Зимни баромад Давлатҷон Ғаффорзода оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ  ва баргузории  конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ, баромад карда,  фаъолон ва раиснони ташкилотҳои ибтидоиро даъват намуд, ки барои дуруст ва  шаффоф гузаронидани интихоботи дарпешистода бояд ҳамаҷониба омода бошем.

   Ҳамзамон зимни суҳбат  аз дастовардҳои замони истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию бунёдкорӣ ва рушди  устувори иқтисодӣ ва шароити мусоид фароҳам овардан ба ҳар як сокини кишвар, ки яке аз хадафхои ХХДТ мебошад, қайд гашт.  

    Раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат  қайд кард, ки барои устувории мавқеи ХХДТ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ талош намуда, ба дигар ҳизбҳои сиёсии кишварамон дар рақобати солим бошанд  ва барои баргузор шудани интихоботи озоду шаффоф мусоидат намоянд. Ҳамчунин пешгирӣ аз омилҳои хатарноки таъсиррасони ба мафкураи миллии ҷавононро аз самтҳои афзалиятноки сохторҳои ҳизбӣ  қарор диҳанд.

Дар  охир маҷлиси Кумитаи иҷроия  аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg