БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН БА ИҶРОИ СОДИҚОНАИ НАҚШАҲОИ ҲИЗБӢ ДАЪВАТ ГАРДИДАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки вакилони мардумӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳраку деҳот,  кормандон ва масъулони ташкилоту идораҳо, фаъолону собиқадорони ҳизбу меҳнат баргузор гардид. Дар кори маҷлис узви Раёсати ноҳиявии ҳизб,раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ва дигар шахсони давъатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Нахуст,  бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроия Файзизода Каримҷон  оид ба ҳадафҳои самимонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳуввият ва рисолати созандаи ҲХДТ-ро муайян ва мушаххас намудааст, изҳори назар кард.

Зимнан мавсуф ёдовар шуд, ки мо имрӯз  дар остонаи  яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси Олии кишвар қарор дорем. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки санаи 27 сентябри соли равон баргузор гардид, вазифаҳои ҳар як узви ҳизб ва сохторҳои ҳизбиро дақиқ  ва мушаххас муайян сохтанд.

Дар ҷараёни маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, Конференсияи 14-уми  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ  даъват карда шуд.

Дар бахши охири маҷлис якчанд нафар фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо Сипосномаҳои ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg