
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи мададгори мудофиаи (ДОСАФ)-и ноҳияи Муъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан дар бораи баланд бардоштани донишҳои сиёсию маънавии ҷавонон ба хотири пешгирии хатарҳои терроризму экстремизм, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи суҳбат иштирокдорон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ гардида, байни онҳо гуфтугузориҳои судманд сурат гирифт.