БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

    Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ва вазифагузориҳо  дар cемоҳаи чоруми соли равон баргузор гардид.

    Ватанзода Сайҷаъфар раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ   оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ ва дар бораи даъвати конференсияи ХХI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр суханронӣ намуд.

    Пас аз муҳокимаронӣ вобаста ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул   шуда, ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Левакант ҷиҳати пешрафти кори минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ як қатор таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg