БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КУШОНИЁН

Кӯшониён. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардида, дар он раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин,  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия  Мунаввар Абдусаломзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кормандони Кумитаи иҷроия иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи  маҷлис ду масъала  мавриди баррасӣ қарори гирифта, якум рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани конференсияҳои ҳизбӣ, дуюм даъвати конфренсияи ХⅥ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва тасдиқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ.

Мунавар Абдусаломзода аз фаъолияти Кумитаи иҷроия дар тӯли нуҳ моҳ    дар назди ҷамъомадагон ҳисобот дода, аз иштирокдорон  даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳои ҳизбӣ ва амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ масъулиятнокӣ зоҳир намоянд.

Инчунин, дар идома  Икромиддин Вализода зимни ироаи андеша дар бораи  ифтитоҳи бинои маъмурии ҳизбӣ,   роҳандозии  корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни омма ва дигар масъалаҳои мартуб ба соҳа  ҳарф зада,  аз ҳар як иштирокчӣ ҷиҳати  татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб  даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg