БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ДОИР ГАРДИД.

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

      Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, ҳамчунин, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Кӯлоб ва Шӯрои собиқадорон   баргузор гардид.

     Маҷлис аз рӯи ду масъала,  якум- “Дар бораи рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва дуюм -«Дар бораи даъвати Конференсияи 22-юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.

Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроия Ҳамидиён Орзу баромад карда, қайд намуд, ки  дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, махсусан интихоботи мақомоти намояндагӣ аз масъалаҳои меҳварии маҷлиси имрӯзаамон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина таъкид гардид, ки барои устувории мавқеи ҲХДТ талош намуда, ба дигар ҳизбҳои сиёсии кишварамон, ки дар маъракаи интихоботӣ иштироки фаъолона доранд, дар рақобати солим бошем ва барои баргузор шудани интихоботи озоду шаффоф мусоидат кунем.

      Иноятзода Баҳром иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр дар баромадаш зикр кард, ки дар воқеъ,  чунин шароити созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи ҲХДТ маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.

         Даъвати Конференсияи ХХII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, ки масъалаи 2-юми рӯзномаи маҷлис буд санаи 18-уми ноябр ва маҷлисҳои умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз санаи 8 октябр то санаи 11 ноябр муқаррар гардиданд.

Дар раванди маҷлис ба иҷрокунандаи  раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром барои саҳми арзандааш дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб   Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  тақдим гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg