БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҲАДАФҲОИ ҲИЗБ ДАР МАҲАЛ

Қубодиён.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

    Бо мақсади тарғиби ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Арабхона” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Дарки масъулият дар бунёди  ҷомеаи шаҳрвандӣ”  бо иштироки   намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ доир карда шуд.

       Дар вохӯрӣ  масъулони чорабинӣ  қайд намуданд, ки мебояд ҷовононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, ҳисси  масъулиятнокӣ, ҳимояи марзу буми Ватанро дар онҳо бедор намуд.   

      Аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват намуданд, ки барои амали намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” ва созовор ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  ободонии маҳал ҳамагон бояд саҳмгузор бошем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg