БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

      Дар ноҳияи Қубодиён тибқи қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон аз 1 октябри соли 2019 маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис  раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло, фаъолон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

    Маҷлиси мазкур аз рӯи  ду масъалаи асосӣ -рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳимми сиёсӣ –  интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ ва масъалаи дуюми он ташкил ва баргузор намудани Конференсияи XVI  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва тасдиқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида, қайд карда шуд, ки меъёри намояндагӣ аз 270 нафар аъзои ҳизб 1 нафар вакил муқаррар шудааст.

Бо дарназардошти рафти корҳои омодагӣ ба маъаракаи муҳими сиёсӣ  қарор қабул карда шуд, ки Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён санаи 15 ноябри соли 2019  баргузор карда мешавад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg