БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: МАҚСАДИ АСОСӢ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ ДАР ДЕҲАВУ МАҲАЛ АСТ

Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи “Бешкент-2”-и Ҷамоати  деҳоти  Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав   оид  ба  баррасии самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ   вохӯрӣ баргузор  гардид.

Масъулини  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур   зимни суханронӣ доир  ба  вазифаҳои  аввалиндараҷаи  сохторҳои  ҳизбӣ  андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки дар  тамоми  равандҳои  фаъолият  Истиқлолияти  давлатиро ҳамчун арзиши  муқаддас пос  дошта,  барои  таҳкими  пояҳои  давлатдории  миллӣ  бо  тамоми  масъулият саҳми  арзанда  гузошта  истодаанд.

Дар  доираи  Аксияи  ҳизбии  “ Якҷоя  ҳал  мекунем!”  бо дастгирии сокинон   ба сохтмони бинои  ошхонаи муассисаи таълимии деҳа оғоз бахшиданд ва он дар рӯзҳои наздик ба истифода дода  хоҳад шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg