БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ БА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ МУВАЗЗАФ НАМУД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи маориф”-и ноҳия   бо иштироки узви Кумитаи Иҷроия Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои Шӯрои собиқадорони ҳизб сурат гирифт.

    Дар маҷлис оид ба натиҷаҳои фаъолияти кумитаи иҷроия дар 9-моҳ,  рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ -  интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, даъвати Конференсияи 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ва дигар масъалаҳои муҳим  баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.

   Масъулин муваззаф гардиданд, ки дар иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи дарпешистода   масъулияти  ҷиддӣ зоҳир намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg