БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР РИОЯИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ҲАМА МАСЪУЛЕМ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

     Дар деҳаи Себдараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ доир  гардид.

     Дар мулоқот  намояндагони ҳизб вобаста ба  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, иҷроии иқдомҳои созанда дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  суханронӣ намуда, зикр карданд, ки  қабули қонунҳои мазкур ба манфиати сокинон  буда, аз ҳар яки мо  масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо мекунад.

   Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифта, иштирокдорон  аз вохӯрӣ ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg