БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.      

    Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо»-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии   масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилот баргузор гашт.    

   Дар рафти чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроия вобаста ба Паёми навбатии Пешвои миллат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешавад.

     Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасад,  паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати баъзе табибон мебошад, иброз доштанд масълони чорабинӣ.

     Баъдан дар доираи  Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!»   бо иқдоми ташкилоти ибтидоии мазкур  корҳои ободонӣ, аз қабили таъмири ҷории шуъбаҳои беморхона ва ҳамчунин насби деворҳои оҳаниву бетонӣ бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg