БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, ДАР РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии  “Маорифчиён” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.    Ҷамъомадагон аз баромади масъулини ҳизбӣ   дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла пешниҳодҳои   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021,  ҳадафи чоруми стратегии давлат – саноатикунонии босуръати кишвар, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, хатари афзояндаи терроризму экстремизм, пешгирии амалҳои ношоиста ва зараровар ба мисли гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, бемориҳои сироятӣ ва дигар мавзўъњо    маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

     Тариқи  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилот ибтидоӣ   ба  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба миқдори зарурӣ  оинаи тиреза  кумак  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg