БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ТАРҒИБГАРИ ФАРҲАНГУ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

      Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд, ки дар он  намояндагони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок доштанд.  

     Зимни баромад масъулин  қайд намуданд, ки  дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаю муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ дода мешавад. Хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ,   арзишҳои фарҳангӣ ба мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, Атласу адрас, Чакан ва монанди инњо, ки    муаррифгари мардум буданд аз нав  эҳё гардидаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg