БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁНИ ФАРХОР АЗ 9-МОҲИ ФАЪОЛИЯТ НАТИҶАГИРӢ КАРДАНД.

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

      Бо мақсади ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб    маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Дар маҷлис фаъолон, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи маҷлис  аз рӯи ду масъала - «Оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор  намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ» ва «Дар бораи баргузории Корнференсияи IX Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор» мавриди баррасї қарор дода шуданд.

Дар маҷлис узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо иштирок ва баромад намуда, ба иштирокдорон барои амалигардии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дастур ва супоришҳои мушаххас  дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg