БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ МАОРИФ ТАВАҶҶУҲ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Баҳманруд”   баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳияи мазкур  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи   рӯйдоди муҳиму тақдирсоз-ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун  суханронӣ  намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик  таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва  ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо  бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро  собит созем.

Дар  қисмати  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии сокинон як миқдор масолеҳи тамирӣ барои муассисаи  таълимии деҳа харидорӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg