БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕРОСИ БУЗУРГ АЗ НИЁГОН АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  

        Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи сиёсӣ – фарҳангӣ бахшида ба Бузургдошти забони давлатӣ доир карда шуд.

Дар конференсия раиси Кумитаи иҷроия Орзу Ҳамидиён, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода  ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.

       Чорабиниро Орзу Ҳамидиён оғоз бахшида, қайд кард, ки асоси ҳастӣ  ва ҳуввияти ҳар қавм забони ӯст. Маҳз забони тоҷикиро ниёгонамон чун гавҳараки чашм аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштаву ҳифз карда, то замони мо оварданд. Дар тӯли таърих бо вуҷуди нооромиҳои зиёд, қатл шудани ворисону соҳибони ин забони ноб ва ғорат кардану ба коми оташ афкандани маҳсули андешаву афкори гаронбаҳои миллат забони тоҷикӣ асолати худро гум накард ва то ба имрӯз омада расидааст.

      Аз ҷониби иштирокчиён қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гардидани кишвар ба масъалаи рушди забони тоҷикӣ таваҷчуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин буд, ки забони тоҷикӣ  мақоми давлатӣ гирифт ва ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта шуд.

      Дар қисмати фарҳангӣ бошад, аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва “Ганҷи дониш”-и назди китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб қироати порчаҳои шеърӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ намоиш дода шуда, аз ҷониби ҳаваскорон ва ҳунармандон сурудҳои дилнишин    ба аҳли толор пешкаш гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg