БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАХШ: НАТИҶАИ ҲАМКОРИҲО ЧАШМРАСАНД

 ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

     Бо мақсади  амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбон Юсуфов,  раисони ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ, вакилон ва дигар шахсони даъватӣ   баргузор гардид.

   Одилҷон Маҳмадов раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноњияи мазкур оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб даъват ба амал овард.

Пас аз муҳокима вобаста ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.

  Қурбон Юсуфов  зикр кард, ки   боиси ифтихор аст имрӯзҳо мо  зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот, истиқлолияти комил  умр ба сар бурда,   кору фаъолият дорем.   Њамкории Кумитаи иҷроия бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ аз ҳарвақта дида бештар густаришу таҳким ёфта истодааст. Маҳз дар асоси истифодаи дурусти механизмҳои корӣ фаъолони ҳизб имкон пайдо намуданд, ки дар амалисозии ғояҳои созанда саҳми муносиб дошта бошанд.

   Дар охир   барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта,   татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, рафти сохтмони бинои маъмурӣ, иҷроши обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2020  ба иштирокдорон вазифагузорӣ карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg