БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕРОСБАРИ ҲАҚИҚИИ ГУЗАШТАГОН БОШЕМ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Навобод”-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ вохӯрӣ доир шуд.

Масъулон    иброз доштанд, ки аз соли 2009 инҷониб санаи  5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, он таърихи қадима дорад. Бо ин забони нобу равон Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Бедилу Ҳофиз, Саъдиву Сайидо, Айниву Турсунзода, Лоиқу Бозор ва дигарон эҷодиёташонро офарида ба мо мерос гузоштаанд. Мо – меросбарони ин бузургонро зарур аст, ба қадри  ин арзиши волову муқаддас расему ҳамчун меросбарони ҳақиқӣ онро поку беолоиш ба насли оянда  мерос гузорем.

    Дар идома иштирокдорон ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  ҳидоят шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg