БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ ШУҶОЪ ҲИМОЯТГАРИ МАРЗУ БУМАНД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

       Дар  ташкилоти ибтидоии “Ҷалолиддини Румӣ-1”-и шаҳри Бохтар  вохӯрии ҳизбӣ доир шуд.

      Дар мулоқот намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар мавзӯи “Сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссаллаҳи кишвар вазифаи ҳамагон аст” баромад намуда, таъкид карданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмард қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандӣ ба ҳисоб рафта, маҳз бо шарофати Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз мо сокинон дар фазои осуда ва ороми Ватан  зиндагиву фаъолият дорем.    Аз ин рӯ, ҳамаи мову шумо вазифадорем, ки ҷавононро барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳидоят созем.

   Дар идома дигар масъалаҳое, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg