БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪБАСТИ 9-МОҲИ ФАЪОЛИЯТ БА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ВОДОР НАМУД

Ҷ. БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ва раиси Кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  баргузор гардид.

   Маҳмадсаид Абдулҳаев оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ ва дар бораи даъвати конференсияи XIII-уми  ҲХДТ   суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

     Убайдуллои Файзулло  иброз дошт, ки боиси сарфарозист, имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот зиндагӣ мекунанд. Маҳз  баракати ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлисҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукӯфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон суханронӣ намуда истодаем.       

      Пас аз баррасии масъалаҳо масъулон  ба иштирокдорон барои татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дастуру  тавсияҳо доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg