БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Забон ҳастии миллат аст!

АНДЕША. Имрӯзҳо, ки падидае бо номи ҷаҳонишавӣ тамоми мамлакатҳои мустақилу номустақилро ба коми худ кашидан дорад, ягона василаи нигаҳ доштани ҳуввияту худшиносии миллӣ ин, пеш аз ҳама, ҳифзи забони миллист. Ва дар ин амр тибқи дастуру ҳидоятҳо ва маслиҳатҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи забони модарӣ ҳамчун арзиши умумимиллӣ амал намудан кафолати бақои миллату меҳани мост. «Давлату халқ дар он вақт зинда мемонад, ки миллату забонаш зинда бошад»,-мегӯяд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зарфияти забони тоҷикӣ беинтиҳосту бекарон. Олимону шоирони гузаштаи нажоди мо бораи ҳифзи забони ноби тоҷикӣ ва ба мерос мондани он ба насли имрӯзу оянда захматҳои зиёде кашидаанд. Амсоли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯлқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедили, Ҷалолиддини Румӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва садҳову ҳазорон эҷодкорон, адибон, шоирону нависандагон ва олимону донишмандони миллатро метавон ном бурд, ки дар рушди бемайлон ва ғанӣ гаштани хазинаи фарҳангии забони тоҷикӣ саъйу талошҳои қобили пазироӣ ва шоёни таҳсини фаровон кардаанд. Ба хотири нигоҳ доштани ин забони бузург фарзандони ҷоннисори ин миллати кӯҳанбунёд аз дасти бадхоҳони забони тоҷикӣ заҳматҳо ва азобу дарду ранҷҳои ҷонкоҳе дидаанд.

Мардуми тоҷик дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа гардидааст. Имрӯз Ҳукумати кишвар баҳри ҳифзу устувор нигоҳ доштани забони тоҷикӣ як қатор қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул ва тасдиқ намудааст, ки солҳо боз баҳри ҳамчун забони асосии давлатию давлатдории мамлакат истифода шудани забони тоҷикӣ хизмат карда истодаанд.

Дар баробари ин, сокинони кишвар баъд аз қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул шудааст, ҳар сол санаи 5-уми октябрро ҳамчун рӯзи «Забони давлатӣ» дар тамоми минтақаҳои мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамчун ҷашнвораи бузурги таърихии миллӣ таҷлил менамоянд.

Донистани забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ барои ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ судманду зарур аст ва он ба рушд ва камолоти шахсию касбии ҳар фард дар ҷомеа мусоидат мекунад. Омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ва волидону бузургтарон дар хона ва фаъолони ҷомеа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо дарки ин моҳият мекӯшанд, ки фарзандон ва ҳар узви дигари ҷомеа дар баробари омӯхтани илмҳои дигар, донишҳои хуби забонӣ ҳам дошта бошанд.  Ин боис ба он мегардад, ки дар замири насли имрӯз меҳру муҳаббат ва садоқату арҷгузорӣ ба Ватан, забону адабиёт ва фарҳангу санъат ва тамоми арзишҳои умумимиллӣ бештар ба вуҷуд оварда шавад.

Мо насли калонсоли ҷомеа, имрӯз муваззаф ҳастем, ки барои пояндаву устувор мондани забони миллии хеш, забони модарии хеш, забони давлатии хеш - забони тоҷикӣ фарзандон ва наслҳои аз худ хурдтарро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ва гиромию азиз доштани забони ноби тоҷикӣ ва пос доштани дигар арзишҳои умумимиллию умумибашарӣ тарбия намуда, ба камол расонем. То ба ин васила тавонем, дар самти тарбияи насли ояндасози миллату меҳан саҳми андаке ҳам бошад, аз худ гузорем.

Бо таманнои сулҳу оромии ҳамешагии Ватан, тинҷию осудагии кишвар, сарафрозию хушбахтии милллати тоҷик ва кулли мардуми Тоҷикистон, пояндагиву устуворӣ ва ғанитару рангинтар гаштани забони миллии тоҷикӣ, тамоми миллати тоҷик ва кулли сокинони кишварро бо «Рӯзи забони давлатӣ»-и Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям. Бигзор осмони софу беғубори сулҳу сафои Ватан ҳамеша нуронӣ ва бо нури Хуршеди муҳаббатбахш равшан бошад!   

 Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Ғаниева Наврӯзгул, аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg