Паём масъулиятро баланд месозад

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авитсена” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид.

Дар маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Фирӯзи Саидмуъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизб Фирӯз Шарипов ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ, директори маркази мубориза  бар зидди ВНМО-и шаҳри Кӯлоб Амиралӣ Расулов иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22.12.2017 ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт, чунин ибрози андеша карданд кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб.IMG_20180102_101634_0.jpg

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ Амиралӣ Расулов зикр кард, ки Паём дастурамали корбарӣ буда, масъулияти ҳар яки моро барои хизмати софдилона ба  халқу Ватан баланд месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________