БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУШОДАШАВИИ БИНОИ МАЪМУРИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Санаи 5-уми октябри соли равон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират, роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ва раиси ноҳияи дӯстӣ Саидзода Нурмаҳмад бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур ду ошёна буда, дар маркази ноҳия ҷойгир аст ва дорои 5 утоқи корӣ як бойгонӣ ва маҷлисгоҳ барои 200 нафар мебошад. Ҳамчунин, утоқҳои корӣ бо ҳами шароитҳои зарурии корӣ таъмин буда, барои фаъолияти самараноки кормандони ҳизб мусоид мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки то имрӯз кормандони Кумитаи иҷроия дар бинои иҷора фаъолият дошта, набудани баъзе шароити корӣ  дар фаъолияти кориашон монеа эҷод мекард. Имрӯз, ки бо дасгирӣ ва талошҳои фаъолону ҷонибдорони ҳизб бинои нави КУмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, акнун чунин шароит ба масъулини ҳизб имконият медиҳад, ки бо масъулияти дучанд содиқонаву софдилона барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолият намоянд.      

 Ҳамзамон, дар ин рӯз бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои фаъолияти пурсамар ва тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ калиди автомашинаи хизматӣ ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул тақдим карда шуд.

Баъд аз анҷоми боздид аз утоқҳои корӣ, меҳмонони расмӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои мазкур бо фаъолону ҷонобдорони ҳизб сӯҳбат оростанд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg