
Ш. ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масулияти шаҳрвандӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хониши сиёсӣ доир намуданд.
Зокирзода Раҳмон раиси ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва масъулиятшиносии аъзои ташкилот дар зарфи 9-моҳи соли равон ибрози назар намуд.
Мавзуна Сунатуллоева мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроия дар мавзўи «Фарҳанг пояи асосии давлату миллат ва фарҳангсолории замони муосир» баромад карда меҳнати софу поквиҷдонона намудан ба халқу давлатро таъкид сохтанд.