БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУНОСИБАТИ ОШТИНОПАЗИР ДОРЕМ.

Ховалинг. Дар доираи Соли баланд бардоштани масулияти шаҳрвандӣ.   

       Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт хониши сиёсї гузаронида шуд. Раиси ташкилоти мазкур Миралӣ Назаров  вобаста ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ сухан ронд.   

      Дар сухнронии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов бошад  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасї ќарор гирифт.  Қайд намуд, ки дар ин замони пуртазод, ки ягон давлат худро аз хатари афзояндаи терроризму экстремизм тинҷу осуда эҳсос намекунад, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.  

     Давлату миллат дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда  буда метавонад, ки сокинони он сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат ва ҳукуматро якдилона дастгирӣ менамоянд ва барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсат саҳмгузор бошанд. Дар ин ҳолат ягон ҳизб ва равияи мамнуъ ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он давлат роҳ  ёфта наметавонад.  

      Дар хониши сиёсӣ чанде аз аъзои ҲХДТ баромад намуда, барои васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ худро масъул шумориданд.

       Дар роҳандозии аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” ба оилаи ниёзманд  Субҳон Раҷабов кумаки пулӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg