БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, ДИН, МАЗҲАБ ВА МИЛЛАТ НАДОРАД!

Фархор. Дар доираи Соли баланд бардоштани масулияти шаҳрвандӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва масъулияти ҳизбии аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Панҷ» мулоқот доир намуданд.

     Нотиқон зикр намуданд, ки ҷомеаи муосир пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд.   

       Иброз доштанд, ки мутаасифона,  терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд. Аз ин лиҳоз мову шуморо зарур аст, ки зиракии сиёсӣро аз даст надода, бар зиди чунин гурӯҳњои бадхоҳ муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки ҳар хоину курнамак аз дур истода, ба сари кишварамон санги маломат занад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg