ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар Литсейи касбӣ-саноати кимиёии шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон-рукни асосии давлатдории миллӣ» чорабинии ботантана доир гардид ва дар он намояндагони КИ шањрии ЊХДТ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар суҳбат масъулин аз бузургию шаҳомати забони модарӣ ёдовар шуда, ҷавононро барои пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, эҳтиром гузоштан ба забон ва дигар арзишҳои миллӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аҳамияти забондонӣ дар ҷаҳони имрӯза таъкид намуданд. Дар ин раванд атрофи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҷавононро ба корҳои ободониву созандагӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯст доштани Ватан раҳнамоӣ намуданд.
Дар охир бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мусобиқаи шоҳмот ва тенниси рӯйи миз баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.