БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТИНҶИЮ ОСУДАГӢ ВОЛОТАР АЗ ҲАМА АРЗИШҲОСТ!

Ҷ.Балхӣ: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бозори Салтанат-ш»-и Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Намояндагони КИ ноҳиявии ҲХДТ аз ҷумла қайд карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷуҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавони бонангу номус қарз ва ҳимояи Ватан - Модар фарз мебошад. Давлате, ки артиш надорад ва марзаш бе муҳофизат аст, амнияташ зери суол меравад.   Фазои тинҷу ороми мамлакат ва осудагии мардум, волотар аз ҳама арзишҳо мебошад.

Дар замони имрӯз  бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳонро хатари терроризму ифротгароӣ ва дигар равишҳои ба инҳо монанд таҳдид мекунанд ва артиш пояи асосӣ барои дилхоҳ кишвар ва омили асосии бартарафкунандаи чунин зуҳурот ба ҳисоб меравад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg