БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶУСАИ ПЎСИДАИ НАҲЗАТӢ ҲАМА ҶО МАЪЛУМ АСТ…

ВОКУНИШ. Мусаллам аст, ки таъсиси ҳар як анҷуману ташкилот аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ мақсаду ҳадафи муайяне дорад. Ба иттилои расмӣ таъсиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо, ки аз ҷониби Илҳом Ёқубов роҳандозӣ шудаю дар фазои сиёсии маҷозӣ домон паҳн намудааст, ба хотири даёфти қутти лоямуд ё як луқма нони беминнат ва ронда нашудан аз долонҳои як қисм давлатҳои аврупоист. Ин ҳақиқатро метавон аз баромади роҳбари ин анҷуман дар ҷаласаи солонаи  ба ном Паймони миллии Тоҷикистон дақиқан эҳсос кард. Зеро суҳбатҳои «сиёсӣ»-и Илҳом Ёқубов ба ҷузъ аз таърифу тавсифи паймони ғайримиллӣ, ки имрўз кулли мухолифони давлат ва миллатро зери як чатр ҷамъ кардааст, дигар ягон нуқтаи назари хушбиникунандаю дархурд ба мушкилоти муҳоҷирин надошт ва фаъолияти ба ном анҷумани созмондодаи муаллиф низ ҳамчун тарошаи аз по афтида  барои мардуми дар толор иштирокдошта ва кулли бинандаи ҳушманд номуайяну нофаҳмо  монд.

Кас ҳайрон мемонад, ки агар рисолати як анҷумане, ки фаъолияту мақсадаш ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирин ва бояд бархурдагӣ ба мушкилоти онҳо бошад бозтоб мегирад ба тарафи санги маломат задану бадбинӣ нисбати миллату давлат ва ҳамватанони худ. Номбурда имиҷи паймони ғайримиллии Тоҷикистонро ончунон «васф» намудааст, ки гўё фаъолиятҳои сиёсии он тамоми сайёраро такон дода, мушкилоти ҷиддиеро ҳал карда бошад. Дар асал воқеият тамоман чизи дигар аст. Ба ном Паймони миллииро танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешиносанду халос. Метавон хулоса кард, ки «гўши фарёдраси аврўпоӣ» ҳама ҳаракатҳои аҳли паймонро бо як тамасхуру машваратгузаронӣ иқтифо мекунанд ва на аз ин дигар чизи бештар.

Муаллиф аз танг будани фаъолиятҳои сиёсии «озодагон» шиква намуда, дигар сиёсатгароёну мардуме, ки имрўз аз солҳои соҳибистиқлолӣ хушбинанд ва барои боз ҳам пешрафтатар шудани Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ пайи кору пайкоранд, хизмати онҳоро нодида мегирад. Амали ин гурўҳ ибораи маъмули «хизмати ту ба ман чӣ»-ро ба хотир оварда, барои ба ҳадаф расидан тамоми муваффақаияту пешрафти як давлатро ба таври хостаашон баҳогузорӣ  менамояд ва маълум аст, ки онҳо дар фикри ободии Ватан нестанд.

Худашон, ки дар «туҳмату тавҳин» ғутидаанд тамоми атрофро ба назари шахшудаю мағзшустаи худ баҳогузорӣ менамоянд. Қаҳрамонтарошӣ аз фаъолияти паймони ғайримиллӣ ва «шинохти он» аз назари Илҳом Ёқубов мантиқан хатост. Кӣ гуфта метавонад, ки ба ном Паймони миллӣ тайи як сол дар ягон самти фаъолият муваффақияти чашмрас дорад!  Ҳеҷ кас! Воқеан, ба хотири манфиатҳои гурўҳию шахсӣ ҳизби ифротии наҳзати исломро дар Аврупо ба хок супориданду дар доираи афкори ғалати он ва истифода аз чанд анҷуману созмон ба ном Паймони миллии Тоҷикистонро рўи кор оварданд. Зеро дар кишварҳои аврупоӣ назари мардуми бумӣ нисбати ҳизбҳои исломӣ мусбат нест ва гуронидани ҳизби террористии наҳзати ислом низ ба хотири аз вазъият баромадани тудаи гулу гумроҳон буд. Таърифу тавсифи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон низ ва истифодаи анҷуману созмонҳои ҳавасманд низ мантиқан пайравӣ ва дастгирӣ аз ҳизби мамнуи наҳзати ислом аст, ки имрўз мухолифин дар Аврупо  зери пироҳани он пинҳон шудаанд.    

Ба иттилои муаллиф «ҳоло Паймони миллиро ҳам дар дохил ва хориҷ мешиносанд ва масъулони паймон барои муаррифии он заҳамоти зиёд кашидаанд». Бале, паймонро мешиносем, вале на ба он гунае, ки Илҳом Ёқубов тасвир месозад. Аслан, паймон ягон муваффақият ва пешрафте дар масъалаи шинохти миллат надошту надорад. Баръакс ба ҷузъ коштани бадбинию нифоқ ва дур сохтани насли нав аз асли хеш он дар тарбияи насли ҷавон дигар ягон пешрафте нагузоштааст.

Ҳамзамон роҳбари худтаъини он М.Кабирӣ мадори суҳбатҳои ошкоро бо афроди саршиносро надорад ва ҳар лаҳза бо домон паҳн кардани суҳбатҳои толорӣ ва суханпардозӣ дар толорҳои мақбули дилаш  фаъолияту «ҳамгироӣ»-и ў ба  касе маълум нест. Ончуноне, ки дар ҷаласаи ахири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мавқеи худдифоиро ихтиёр намуда, асосан ҷавонҳои бетаҷрибаю  гумроҳро дар садади баромадҳо пештоз кардааст.

    Лофи беҳуда задан аз ватандорию ватансозӣ  ҷуръати аз байн рафтаву  гузаштаи  «тиллоӣ»-ро барои аҳли паймону анҷуман дуюмбора ба  арсаи сиёсат дигар барнамегардонад. Ва ягон паймону анҷман ба иродаи кулли мардуми Тоҷикистон баробару созгор низ набуду нест. Ва ин ҳама суханпардозиҳо дар долонҳои давлатҳои аврупоӣ чун хоби ҳангоми субҳ ба гўшаи фаромўшӣ мераванд. Боқӣ қазоват аз шумост, хонандаи гиромӣ!

А.Неъматов?

 мудири шуъбаи таблиғот,

иттилоот ва матбуоти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg