Шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паём вазифаи мо ҳизбиён аст

Ш.ШОҲИН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади  шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги  ноҳия бо бошандагони деҳаи Доғистони  ҷамоати деҳоти Доғистон вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ Абдуҷаббор Неъматов мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот, Абдураҳим Ҳошимов мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ» Латофат Қурбонова иштирок ва баромад карданд.

Сараввал вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоии “Доғистон” Ҷангихон Раҷабов кушода, суханро ба намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин дод. Шахсони масъул оид ба  баррасӣ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат фикру андешаҳои худро иброз дошта, нуктаҳои асосие, ки дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардиданд, ба сокинон фаҳмониданд. Масъулони Кумитаи иҷроия чунин вохӯрии судмандро бо табибони ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Беморхонаи №2”-и ноҳия  анҷом  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________