ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Идораи беҳдоштӣ” дар хониши сиёсие, ки намояндагони КИ ҲХДТ бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор карданд, фаъолона иштирок доштанд.
Қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Идораи беҳдоштӣ” дастгирии ҳамаҷониба ёфта, аъзои ташкилот ба аёдати собиқадори меҳнат Ойшамоҳ Шарифова рафтанд, ки айни ҳол дар бистари беморӣ мебошад. Дар ин баробар ба ӯ кумаки яквақтаи молиявӣ низ расонида шуд.