
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти Зарбдор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ масулин дар мавзӯъи моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамалакат андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар амале, ки ба манфиати давлат ва ҷомеа мебошад, ин хизмат ба Ватан кардан аст. Аммо хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони бонангу номус қарз ва ҳимояи Ватан - Модар фарз мебошад. Зеро давлате, ки артиш надорад ва марзаш бе муҳофизат аст, амнияташ зери суол меравад. Ба ин хотир мо фаъолони ҷомеа бояд ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ва онҳоро барои ҳимояи марзу буми аждодӣ, Ватани азизамон Тоҷикистон талқин намоем.
Зеро фазои тинҷу ороми мамлакат ва осудагии мардум, волотар аз ҳама арзишҳо мебошад. Ҳамчунин иброз доштанд, ки дар замони имрӯз, ки бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳонро хатари терроризму ифротгароӣ ва дигар равишҳои ба ин монанд таҳдид мекунад, артиш пояи асосӣ барои дилхоҳ кишвар ва омили асосии бартарафкунандаи ин зуҳуротҳо ба ҳисоб меравад.