БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТЕРНЕТ БОЯД БА МАНФИАТ ИСТИФОДА ШАВАД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    Дар ташкилоти ибтидоии «Наврӯз»-и ноҳияи Фархор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ доир гардид.

Масъулин змини суҳбат  атрофи дуруст ва бомаврид истофодабарии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар шароити муосир масъалаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байни ҳамдигарии инсонҳо ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи таркибии рушд  ёфтани интернет ба ҳисоб меравад ва маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатархои муосири геопалитикӣ зуҳур намуда истодаанд.  

Дар охир таъкид гардид, ки фарзандонро бояд дар рӯҳияи одобу ахлоқ ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоем, то ин ки  унсурҳои манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо таъсири бад нарасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg