БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАҶӮЁНАИ НЕРӮИ БАРҚ – ОМИЛИ КАМ КАРДАНИ ТАЛАФОТИ ОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Таваллудхонаи шаҳрӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ соати сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимнан, қайд карда шуд, ки расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимму стратегии давлат мебошад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.

Инчунин, гуфта шуд, ки моро зарур аст пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар сари чанбари мошини вазнин нишасту маҷрои дарёро ба хотири бунёди саргаҳи нерӯгоҳи барқии обии Роғун дигар карданд ва ду чархаи онро аллакай ба кор дароварданд пеши назар орем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg