
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бустон”-и деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофии сиёсати инсондӯстона, башардӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ, риояи фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, роҳандозӣ намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, иштироки падару модарон дар рафти дарсгузаронии омӯзгорон, тарбияи дурусти фарзанд ва ғайра андешаронӣ намуданд.