БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ – ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қизил-намуна”-и Ҷамоати деҳоти Навобод  хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Масъулин зимни суханронӣ оид ба хатари терроризму экстремизм, паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, моҳияти қонунҳои миллӣ ва сафарбакунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ибрози ақида намуда, зикр карданд, ки чанд рӯзи охир иддае аз бадхоҳони миллат тариқи шабакаҳои интернетӣ, бо дурӯғу туҳмат ва бо лафзи тунди аз доираи одоб берун ҷониби Тоҷикистонро зери танқид қарор медоданд, аммо мардуми кишвар пешравии босуръати кишварро зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида истода, ба ҳар гуна туҳмату буҳтон, ки аз ҷониби хоинони миллати тоҷик дар Варшава садо доданд, бовар намекунанд. Дар охир иштирокдорон суханҳои судмандро ҷонибдорӣ карда, амалҳои ватанфурӯшонро маҳкум намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg