
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масулияти шаҳрвандӣ. Дар маӽаллаи Пушёни Болои ҷамоати деӽоти ба номи Худоёр Раҷабови ноӽияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ хониши сиёсии навбатиӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия бо мақсади тарғибу ташвиқи моҳият ва аҳамияти “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” баромад намуда, зикр кард, ки суръати афзоиши баланди аӽолӣ ва дар зиёд намудани маӽсулоти кишоварзӣ моро зарур меояд, ки истифодаи обро дуруст ба роӽ монем. Ва аз руйи нишондиӽанда кишвари мо дар байни давлатӽои ИДМ ҷойи намоёнро ишғол мекунад, аз ин рȳ истифодаи оқилонаву тоза нигоӽ доштани оби ҷȳю дарёӽо ва ӽифзи манбаъӽои об яке аз вазифаӽои муӽими сокинони мамлакат мебошад, обро оқилона ва самаранок истифода бурдан лозим аст.