БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ ВА ИМОНИВУ ВИҶДОНИ АСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Файзбахш»-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ намояндагони ҳизбӣ  оид ба  терроризм, экстремизм, содиршавии ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир суханронӣ карданд. Дар идома ҳамчунин иброз  доштанд, ки  мо бояд он қолабҳои куҳнаи фикриро дар бораи гурезонидани фарзандон аз хизмати ҳарбӣ шиканем ва онро ҳамчун мояи нангу номус баррасӣ карда, бо назардошти бартарафсозии омилҳои он падару модаронро ҷиҳати ташвиқи фарзандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дилгарм созем.

Дар ин самт идеали мо хизматҳои содиқонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як тадбир ва корномаву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад, зикр карданд баромадкунандагон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg