БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АЗ БАЙН БУРДАНИ ТААССУБИ ДИНӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ СОЛИМИИ МАЪНАВИЁТ АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳазорчашма”-и Ҷамаоти деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот нахуст корманди масъули Кумитаи иҷроия дар бораи аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон, чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб гувоҳ аст, ки чун дин ба сохтори давлатдорӣ омезиш ёбад ва ашхоси дингаро зимоми сиёсатро ба даст гиранд, фарҳанги хурофот ҷойгузини қудрати тафаккур гардида, илм рӯ ба рукуд ва иқтисод ба варшикастагӣ мерасад.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg