ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Наврафтор»-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш вохӯрӣ доир гардида, намояндагони ҳизбӣ масъалаҳои муҳимро ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ доданд.
Аз ҷумла, масъулон дар бораи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хоҷагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл суханронӣ намуда, ба иштирокдорон барои истифодаи самараноки обу замин, ҷамъоварии ҳосил дар фасли тирамоҳ ва омода намудани заминҳои киштшаванда ба фасли сармо ба хотири рӯёнидани ҳосили дилхоҳ тавсияҳои судманд дода шуд.