Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Гулзор»-и Ҷамоати деҳоти Халевард хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии бархе аз шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳарф зада, зикр карданд, ки ҷомеаи муосир пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат гирифта, экстремизму терроризм низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд.