БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУХАНРОНИИ КАБИРӢ ҲАРЗАГӮИЕ БЕШ НЕСТ!

 ВОКУНИШ. Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари бо ном Паймони миллӣ, дар навори видиоие, ки дар шабакаи Ютуб пахш шуд ва дар он Кабирӣ оиди натиҷагирӣ аз яксолагии Паймон, оиди нишасти САҲА ва ҷиҳати посух гуфтан ба суолҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз як соат баромад кард, ки дар он ба ҷуз сафсатаву буҳтон ва худтаърифкунӣ ҷизи дигар набуд.

  Аз баромади Кабирӣ хуб дарк кардам, ки ин як суҳбати иғвоангезонаи сохтааст ва суолҳое, ки ба Кабирӣ пешниҳод гашт қаблан ташкил шудаанд. Тавре мушоҳида намудам, беш аз 99 фоизи суолҳо қаблан омода шуда буданд. Суоле пешниҳод гашт, ки чаро Ҳизби наҳзат ҳизби хонаводагӣ аст. Ровии барнома дигар худро идора карда натавонист ба Кабирӣ сухан ҳам надод ва ба танқиди Ҳукумати Тоҷикистон оғоз кард. Рости чунин ровигиро дар ҳаёт бори аввал мебинам. Аслан ровӣ бояд ягон ҷонибро тарафгирӣ намекард, лекин ин “ровӣ” дар «журналистика» навгонӣ ворид кард. Мудоме, ки чунин аст мо чи гуна ба шаффоф пешниҳод шудани суолҳо бовар кунем?

Дуюм чизе, ки маро ҳайрон кард, ин ному насаби баъзе суолдиҳандагон буд. Рости чунин ному насабро дар ягон ҷо нашунидаам. Намедонам он номи одам аст, хазанда аст, ё даранда.  Медонем, ки суолҳо сохтааст, ақалан ба онҳо номи одамӣ  мегузоштед?!.

Дар баромади Кабирӣ ва коминтарияҳо шоҳид шудем, ки гӯё Кабирӣ ва ҳамаслаконаш аз ҳуқуқӣ муҳоҷирон дифо мекарда бошанд. Лекин 100-ҳо муҳоҷири Тоҷикистонро мешиносем, ки хоҳиши шунидани номи чунин хоинонро надоранд. Онҳо безоран аз чунин иғвогарон. Онҳо барои таъмини зиндагии оилаи хеш дар муҳоҷиратанд.

Ҳамаи мо медонем, ки сокинони кишварҳои абарқудрат ҳам ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ин ягон ҷои таънаву маломат нест. Хуб аст, ки кишвари мо осуда аст. Муҳоҷирони мо дар кишварҳои дигар аз аҳволи оилаашон хавотир нестанд ва дилпурона кору фаъолият доранд. Лекин ин хоинон  ба торҳои асаби ҷавонон нохун мезанад. Мақсади онҳо якаст, иғвоангезӣ, соҳиби курсӣ шудан, дигар ҳеҷ. Ягон аҷнабӣ барои мо хизмат накардааст. Пушти Кабирӣ ва ҳамаслаконаш кадом хоҷаи хориҷӣ истодааст, инро ҳама медонанд. 

Мо ба фаросат, ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ ва хиради фарзандони баномуси Тоҷикистон боварӣ дорем. Онҳо чӣ дар Ватан бошанд, чӣ берун аз он, барои Ватан, барои Миллат ва барои таъмини зиндагии оила баномусона хизмат мекунанд. Онҳо ки будани дӯсту    душманро медонанд.

  Ҳеҷ ҷои пӯшида нест, ки Тоҷикистон чи рӯзҳоеро аз сар гузаронид. Имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳоли рушд карор дошта, сокинони давлатҳои дунё ҳаваси тинҷию осудагии кишвари моро мекунанд. Боре сидқан даҳсолаи аввали соҳибистиқлолиро ба имрӯз муқоиса кунед, ки мо чи ҳол доштему ба куҷо расидем. Ҳар, ки ба кишвари мо бад мегӯяд аз ғараз мегуяд, аз кина мегуяд.

  Мутарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ваъдае, ки барои халқ карданд онро сарбаландона иҷро намуданд. Тоҷикистоне, ки умеди барқарорсозияш аз даст рафта буд, ба кишваре табдил ёфт, ки дар он замон барои мардум афсона буд ва зери роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат ба пешравиҳои аз ин ҳам назаррастаре ноил хоҳем гашт.

  Паёмони миллӣ дар як сол барои мардуми Тоҷикистон ба ғайр аз иғвоангезию дасисабозӣ чизе накард, нишасти САҲА манфиате надод, пешниҳод ва суолу посухҳо дар баромади Кабирӣ сохтаву иғвоангезона буданд, дигар ҳеҷ.

 Дигар барои мардуми Тоҷикистон сафедро сиёҳ, хубро бад гуфтан, чизеро иваз намекунад. Мардуми мо эҳтиёҷ ба ҳарзагӯиҳои хоинон надоранд, чунки офтобро бо доман пӯшида намешавад.

С. Акрамзода,

сокини шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg