ВОКУНИШ . Ҳамаи мо сокинони кишвар амалҳои номатлуби гурӯҳи фарзандони нохалафу ҷоҳталабе, ки дар кишвари маҳбубамон соли 1991 ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд оварданд, ҳазорон-ҳазор мардум куштаи тири ноҳақ гардид, аксарияти мардум дар диёри бегона сарсону саргардон шуда буданд. Имрӯз низ он гурӯҳҳои террористӣ боз нияти анҷоми ташкили чунин амалҳоро доранд. Аламовараш он аст, ки то ба ҳанӯз аз бештари гумшудагон асаре нест.
Алангаи оташи ин ҷанги хонумонсӯзро на худи душманони миллат, балки фарзандони «ноқисул-ақл»-и ин миллат ба василаи ҳидоятҳои хоҷагони хориҷӣ фурӯзон намуданд.
Имрӯз низ боз идомаи чунин амалҳоро гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24» ва ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд.
Имрӯзҳо онҳо бозори ҳангоматалабии худро гарм сохта дар Ҷаласаи солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар авруппо, ки дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) баргузор гашт иштирок ва баромад намуда, дасисаю иғвоҳои навбатии худро нисбати давлату Ҳукумати феълии Тоҷикистон барангехта, бо тобиши барои худашон маъқул пешниҳод намуда ҷомеаро ба нофаҳмӣ меоранд.
Мардум хуб дар ёд доранд воқеаҳои хунини соли 2012-ро, ки дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ва ҳодисаи даҳшатангези 4 сентябри оли 2015-ро, ки дар Душанбе рух дода буд. Мардум аллақаи боварӣ ҳосил намуданд, ки ҳақиқатан ба Пешвои миллат содиқ бояд буд, зеро ин инсони наҷиб тавонист бо ақли солиму заковату хирадаш ба ин аъмоли разилонаи як гурӯҳ нохалафон хотима бахшад.
Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солим акнун дарк намуд, ки он ҳама гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи Ҳукумату давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.
Ин тоифаи одамонро зарур аст, ки ба мардум бо чашми дил наззора созанд, то боварӣ ҳосил намоянд, ки ин насл на ҳамон насли солҳои 1992-1997 аст, ки ба ҳар макру фиреб дода шавад ва даст ба тахрибкориву хунрезӣ занад, балки ин наслест, закиву тавоно ва соҳибақлу доно. Ин насл ҳаргиз намегузорад, ки Ватан ҳароб гардаду мардум дар ранҷу азоб бошанд. Ин насл дар баробари наслҳои мамолики пешгоми сулҳҳоҳу сулҳдӯст ба суӣи ояндаи дурахшону зебо қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳокимият воқеан дар дасти ин насли ояндасоз аст. Тоҷикистони мо дигар давлати ақибмонда нест.
Тоҷикистонро фарзандони соҳибмаърифаташ ба яке аз давлатҳои пешқадам табдил додаанд, ки он акнун маҳбуби ҳама халқи ҷаҳон ва умеди ҳама беватанони дунёст.
Ализода Сураё Ҷура,
раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Носири Хусрав