Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба бахти миллати тоҷик, ки ҳазорсолаҳо ранҷи зулмоту торикиро дар ҳаёти худ таҷриба намудаву дар орзуи чунин қаҳрамонҳо афсонасозӣ мекард, ниҳоят ин ормонаш ба воқеият табдил ёфту ба мақсадаш расид.
Дар ин хусус дар деҳаи Куҳдомани Ҷамоати деҳоти Шӯрообод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Масъулини ҳизбӣ дар бораи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар рушди кишвар, ба кор андохтани агрегати дуюми НБО-и Роғун ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин самт мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гардем.