
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳ» хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо» баргузор карда шуд.
Масъулини ҳизбӣ ба музокира баромада қайд намуданд, ки дар самти мубориза бо коррупсия Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаву консепсияҳоро қабул намуда, бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда истодааст, аммо дар ин самт бояд тамоми ҷомеа масъул бошад, то ин зуҳуроти манфӣ аз ҷомеа решакан карда шавад.
Қайд карда шуд,ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз гул- гул шукуфта истодааст. Моро лозим аст, ки дар зери ин сиёсат муттаҳид шуда, ба халқу Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.