БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДАСТ !

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Сайёд”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Вохӯрӣ  аз ҷониби  масъулини ҳизб дар ноҳияи мазкур судманду хотирмон доир гардида, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла  ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши  миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани  сулҳу суботу амнияти кишвар  мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Сокинон моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳро  хуб  дарк намуда, чанде аз онҳо  фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба сафарбар кардани ҷавонони синни давъатӣ ба хизмати Ватан-Модар баён доштанд.

Ҳамзамон,  дар доираи Аксияи ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем”  бо насб кардани дастгоҳи обкашӣ мушкилоти дастрасии оби ошомидании деҳа баратараф  гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg