БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДГАРИ РОҒУН ФАРЗАНДИ БАНОМУС АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Истиқлол» бо иштироки намояндагони КИ ҳизби ноҳия   атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ  масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки  ба истифода додани  чархаи дуюми НБО «Роғун» натиҷаи файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, тафаккури созанда  ва иродаи қавии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Меҳвари ҳадафи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро шукуфоии мамлакат ва сарсабзии ҳаёти мардум ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   барои сохтмони НБО «Роғун» тафаккури мардумро бедор намуданд.   Бо бунёди НБО «Роғун» ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегардад ва дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg